Ҳангоми занозанӣ байни муҳоҷирон дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Ӯзбекистон корд хӯрдааст

Дар як задухӯрд дар ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург ҳашт нафар боздошт шуданд.

Тибқи иттилои Итерфакс, ҳодиса дар кӯчаи Караваевская соати тақрибан 1-и рӯзи сешанбе рух додааст. Кормандони Патрул, ки ба ҷои ҳодиса шитофтанд, ҳашт иштирокчии муноқишаро, аз ҷумла як зани 33-соларо дастгир карданд. Се нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистонанд, ки мӯҳлати сабти номи муваққатӣ дар Русия ба поён расидааст ва боқимонда сокинони Ленинград, Пенза ва Воронеж мебошанд. Иштирокчии нӯҳуми занозанӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон, бо корд захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Протоколҳои авбошии хурд нисбат ба ҳамаи боздоштшудагон тартиб дода шуданд. Манбаъҳо илова карданд, ки се нафар барои вайрон кардани иҷозатномаи иқомат дар Федератсияи Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ