Тарафдорони Трамп ба бинои Конгресс ҳуҷум карданд


Тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс – порлумони ИМА ҳуҷум карданд. Дар ин бора ТАСС ба нақл аз MSNBC хабар дод.
Дар натиҷаи ҳамла нишасти муштараки Сенат ва Маҷлиси намояндагон барои тасдиқи натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ қатъ шуд.
Ба гуфтаи сенатор Ҷеймс Лэнкфорд, тарафдорони Трамп вориди бино шуданд. Баъд пулис биноҳо иҳота кард ва намояндагони порлумонро ба ҷойи бехатар бурданд.
Тарафдорони Трамп ба кормандони пулис низ ҳамла карданд. Пулис бар зидди онҳо гази ашковар истифода кард.
Ёдовар мешавем, Доналд Трамп дар мулоқот бо тарафдорони худ гуфта буд, ки мағлубияти худро дар интихобот эътироф нахоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ