Пелоси: Бетартибиҳо дар бинои Конгресс ба тасдиқи натиҷаҳои интихобот халал намерасонад


Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони ИМА гуфт, ки ҳодисаи охирин дар бинои Конгресс ба тасдиқ кардани натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ халал нахоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, эътирозгарон наметавонанд ба ҳадафи худ расанд. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Пелоси гуфт, “Конгресс ба маҷлис бозгашт. Чӣ қадре, ки тақозо шавад, мо дар ин ҷо хоҳем монд. Мо ба мақсади худ мерасем. Мо тасаввур ҳам намекардем, ки имрӯз ба демократияи мо чунин ҳамла мекунанд. Адолат барқарор мешавад”.
Ёдовар мешавем, дар порлумон нишасти муштараки Сенат ва Маҷлиси намояндагон баргузор мешуд. Бояд дар нишаст натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳуриро тасдиқ мекарданд. Вале ба далели бетартибиҳо ва ҳамлаи тарафдорони Трамп ба Конгресс ин маҷлис қатъ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ