Судан бо Исроил робитаҳоро барқарор кард


Баъди чанд кишвари арабӣ Судан низ бо Исроил робитаҳои худро барқарор кард. Дар ин бора Jerusalem Post хабар дод.
Насреддин Абдулборӣ, вазири адлияи Судан дар ҳузури Стивен Мнучин, вазири молияти ИМА санади роҳандозии робитаҳои дипломатикӣ бо Исроилро имзо кард.
Нахустин мулоқоти Судан ва Исроил барои барқарории робитаҳои дар моҳи феврали соли 2020 баргузор шуда буд. Дар он ҳангом Фаттоҳ ал Бурҳон, раиси Шӯрои озоди Судан дар Уганда бо Бенямин Нетанёҳу, сарвазири Исроил мулоқот карда буд.
Ҳанӯз дар моҳи октябри соли гузашта Судан эълон кард, ки робитаҳои худро бо Исроил барқарор хоҳад кард. Аммо ҳукумати кишвар мунтазири он буд, ки Вашингтон Суданро аз феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм берун кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ