Элдор Шомуродов дар вохӯрии дирӯза баҳои баланд гирифт

Дар навбати 16-и Серияи А-и Италия клуби «Женоа» дар сафар бо клуби «Сассуоло» қувва озмуд. Мураббии нави «Женоа» Давиде Баллардини аз дигар ҳуҷумгарон кам набудани Шомуродовро тан гирифта, вайро дар таркиби ибтидоӣ ба майдон баровард. Дар вохӯрӣ «Сассуоло» ба ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст овард. Тӯби бо калла ба дарвозаи ҷамоаи рақиб -«Сассуоло» даровардаи Шомуродов хотирмон шуд. Ин тӯби дуюми дар таркиби «Женоа» задаи Шомуродов мебошад. Ба Шомуродов аз ҷониби «Whoscored» 7,8 балл дода шуд, ки баҳои баланд ҳисобида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ