Бинои нави Садорати посбонии Гвардияи миллӣ ба истифода супорида шуд

Бо мақсади пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо ва корҳои ҷиноятӣ, таъмини тинҷиву осоиштагӣ ва фаровонии аҳолӣ аз тарафи Садорати посбонии Гвардияи миллии вилоят корҳои шоёни таҳсин анҷом меёбанд.
Бояд гуфт, ки бобати муҳофизати бовариноки молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, таъмини бехатарии фаъолияти соҳибкорон албатта истифодаи технологияҳои замонавӣ ва фароҳам намудани шароитҳои корӣ барои ходимони соҳа аҳамияти муҳим дорад. Бо ҳамин мақсад, чанде пеш бинои нави Отряди алоҳидаи 13-уми Садорати посбонии Гвардияи миллии вилояти Самарқанд ба истифода супорида шуд.
Дар чорабинӣ ҷонишини сарвари Сарсадорати посбонии Гвардияи миллии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, подполковник А.Эшқобулов, сарвари Садорати Гвардияи миллии вилоят, полковник Л.Яхшиликов, сардори Садорати посбонии Гвардияи миллӣ, падполковник Р.Намозов, собиқадорони хизмати посбонӣ ва кормандони соҳа иштирок карданд.
Дар идомаи тадбир ба як гурӯҳ кормандони соҳа, ки дар рафти фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, унвонҳои махсус супорида шуд.
– Ин бино пештар таъмирталаб буд, — гуфт сардори Садорати посбонии Гвардияи миллӣ, падполковник Р.Намозов. – Пас аз корҳои таъмириву бунёдкорӣ намуди замонавӣ гирифт. Дар бино барои афзун кардани самаранокии фаъолияти кормандони Садорати посбонии Гвардияи миллӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст. Қисми навбатдорӣ ва хонаи мониторинг бо асбобу анҷомҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Инчунин, дар асоси тамоили “Маҳаллаи обод – маҳаллаи бехатар” бо мақсади пешгирии корҳои ҷиноӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳия камераҳои назоратӣ гузошта шудааст.
Сипас, меҳмонон бо шароитҳои дар бино фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд.
Дар бинои нав хонаи тиббӣ, толори варзишӣ, хонаи хизмати психологӣ барои кормандон, китобхона, толори хониш, хонаи махнавият ва маърифат, ӯтоқи қабули муроҷиати шаҳрвандон ва ошхонаи алоҳидаи отряд амал мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ