Дар чанд вилояти Япония режими вазъияти фавқулодда ҷорӣ мешавад


Аз 8 январ то 7 феврал дар Токио ва вилоятҳои Сайтама, Тиба, Канагаваи Япония ба далели паҳншавии коронавирус режими такрории вазъияти фавқулодда ҷорӣ мегардад.
Ёсихиду Суга, сарвазири Япония дар бораи ҷорӣ шудани вазъияти фавқулодда дар ин вилоятҳо хабар дод.
Шадидан афзоиш ёфтани мубталоёни коронавирус дар ин минтақаҳо боиси чунин қарори ҳукумат шудааст.
Кормандони ширкатҳо дар ин муддат кори худро фосилавӣ идома медиҳанд. Аммо ин бор мактабҳои Япония фаъолияти анъанавии худро идома медиҳанд, яъне ба таҳсили онлайн намегузаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ