Дар ҳамлаи Толибон дар Кундуз шаш корманди мақомоти дохилӣ кушта шуданд

Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилояти Кундузи Афғонистон, дирӯз (панҷшанбеи 7.01.2021) гуфт, ки шаби гузашта дар ҳамлаи “Толибон” ба пойгоҳи Чархи Об, воқеъ дар ноҳияи Хонободи ин вилоят чаҳор сарбози артиш ва ду корманди полис ҳалок, ду нафар маҷрӯҳ шуданд, ва панҷ тан хизматчии низомиро онҳо бо худ бурдаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии tolonews.com.
Ҳамзамон TOLOnews гузориш медиҳад, ки дар идомаи террорҳои ҳадафманд туфангдорони ношинос дар ду рӯйдоди ҷудогона дар Кобул як халабони неруҳои ҳавоӣ, як афсари баландпояи Раёсати муҳофизати роҳбарони олирутбаи кишвар ва як шахси ғайринизомиро ҳадафи тир қарор доданд.
Хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаҳо ҳукуматро дар таъмин накардани амнияти шаҳрвандон айбдор ва таҳқиқи ҷиддии ин ҳодисаҳоро тақозо мекунанд.
Аз ҷумла, хонаводаи Ораш Сир, афсари аршади Раёсати муҳофизати роҳбарони олирутбаи кишвар, гуфтааст, ки ӯро шоми чоршанбе (06.01.2021) дар назди хонааш дар Қалъаи Воҳид, ноҳияи 13-уми Кобул, афроди ношинос куштанд.
Шуайб, бародари Ораш гуфт: «Тамоми рӯз куштор, тамоми рӯз қатл ва қатл! Бародари ман як марди одӣ набуд, вай мансабдори баландпояи ҳукумат буд, дар Раёсати муҳофизати президент кор мекард».
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Тариқ Ориён изҳор дошт, ки «Толибон” дар мавҷи кушторҳои ҳадафманд даст доранд. «Толибон” ва Ҳоқонӣ, ки муовини ин гурӯҳ аст, дар зери пӯшиши номи ДИИШ ин амалҳои террористиро анҷом медиҳанд».
То ҳол “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ