Дар Тоҷикистон 98,8% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтанд

Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ то ҳол дар ин кишвар 13305 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 шуда, аз ин шумора 13152 нафар ё 98,8% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамзамон, 62 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ