Исроил то поёни моҳи март ваксиназанӣ ба аҳолиро анҷом хоҳад дод


Исроил мехоҳад эмкунии аҳолии худро то поёни моҳи март анҷом диҳад ва дар ин замина кишвари аввали ҷаҳон шавад.
Бино ба хабари Евронюз, Бенямин Нетанёҳу дар бораи имзои созишномаи нав бо ширкати Pfizer эълон кард. Ҳукумат то поёни моҳи март эмкунии кулли исроилиёни боло аз синни 16-ро барномарезӣ кардааст.
Вале, шумори мубталоёни коронавирус ҳамарӯза афзоиш меёбад ва аз рӯзи панҷшанбе дар Исроил карантини қатъӣ ҷорӣ шуд.
Исроил ҳоло аз ҷиҳати эмкунии аҳолӣ дигар кишварҳои ҷаҳонро дар ақиб гузоштааст. Дар 3 ҳафтаи аввали ваксиназанӣ тақрибан якуним миллион аҳолӣ эм шуданд. Бино ба хабари расонаҳои исроилӣ яке аз муваффақияти Исроил дар ин замина ин аст, ки ҳукумати кишвар ваксинаи Pfizer-ро бо нархи тақрибан ду баробар бештар мехарад. Ҳамчунин, робитаҳои наздики Бенямин Нетанёҳу бо роҳбарони ширкати Pfizer низ самар медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ