Тарафдорони Трам дар ҳукумат паиҳам истеъфо медиҳанд


Боз 4 нафар ёвари Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА дар бораи истеъфо тасмим гирифтанд. Дар ин бора Reuters ба нақл аз манбаъи худ дар Кохи Сафед хабар дод.
Бино ба маълумоти манбаъ, Эрин Уолш, ёвари масъалаҳои Африқо, Марк Вандрофф, ёвари масъалаҳои сиёсати мудофиавӣ, Энтони Руҷерро, ёвари масъалаҳои аслиҳаи қатли ом ва Роб Гинуэй, ёвари масъалаҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ истеъфо додаанд. Ин чор нафар аъзои шӯрои амнияти ИМА бданд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Бетси Девос, вазири таҳсилоти ИМА истеъфои худро эълон карда буд. Ӯ ҳамлаи тарафдорони Трамп ба Капитолийро сабаби истеъфои худ гуфт. Ба гуфтаи Девос, ин ҳамла оқибати ангезаи суханҳои Трамп буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ