Корманди пулис – панҷумин қурбони ҳамла ба бинои Конгресси ИМА


Пулиси Капитолий – бинои Конгресси ИМА дар бораи панҷуми қурбонии ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп хабар дод. Ин шахс корманди пулис – афсар Брайан Сикник мебошад. Ӯ дар задухӯрд бо эътирозгарон захмӣ шуда буд ва рӯзи панҷшанбе дар бемористон фавтид.
Бино ба маълумоти пулис, Сикник баъди ҳодиса ба идора бармегардад ва аз ҳуш меравад. Ӯро ба бемористон мебаранд. Аммо бо вуҷуди кӯшиши шифокорон ӯ вафот мекунад. Сикник дар саффи пулиси Капитолий 12 сол хидмат кардааст.
Ёдовар мешавем, тарафдорони Доналд Трамп рӯзи чоршанбе баъди суханронии ӯ ба бинои Конгресс ҳамла карданд. Дар натиҷаи задухӯрд бо кормандони пулис 4 нафар кушта шуд. Ин ҳамла эълони ғалабаи Ҷо Байденро ба чанд соат ба таъхир гузошт. Аммо, аздусар порлумон ғалабаи номзади демократҳоро эълон кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ