Самарқанд – ҳудуди аз ҳама намунавии ҷумҳурӣ

Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон дар байни вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, ташкилотҳои ҷамоатӣ «Озмуни сол – 2020» эълон карда буд.
Дар ин озмун, ки дар асоси пурсиши иҷтимоӣ гузаронида шуд, аз тарафи вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҷамоатчигӣ аз рӯйи самтҳои «Ҳудуди аз ҳама намунавӣ», «Вазорати аз ҳама намунавӣ», «Ташкилоти давлатӣ ва ҷамоатии аз ҳама намунавӣ», «Бонки пешқадамтарини соли 2020», «Ҳизби сиёсии пешсафтарини соли 2020», «Шаҳр ва ноҳияи аз ҳама намунавии соли 2020», сохтор ва шахсони аз ҳама фаъоли соли 2020 муайян гардиданд.
Дар зинаи аввали озмун дар асоси пурсиши иҷтимоӣ аз рӯйи самтҳои «Ҳудуди аз ҳама намунавӣ», «Вазорати аз ҳама намунавӣ», «Ташкилоти давлатӣ ва ҷамоатии аз ҳама намунавӣ» довталабон интихоб шуданд. Бино ба натиҷаҳои пурсиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сохторҳое, ки ба зинаи навбатӣ гузаштаанд, муайян гардиданд.
Ғолибони зинаи дуввум дар асоси пурсишнома миёни журналист ва блогерҳо муайян карда шуданд. Дар он беш аз 50 нафар журналист ва блогер ба сохторҳои писандидаи худ овоз доданд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун сардиректори Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон А. Кӯчимов дар бораи ислоҳоти соҳаи журналистика, эътибор ба соҳа, дар озмун ифода гардидани моҳияти чунин тағйиротҳо ҳарф зад.
Ҳамин тавр, ғолибони озмуни анъанавӣ интихоб гардиданд. Фаъолияти вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, ташкилотҳои ҷамоатӣ, ки фаъолияти онҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ инъикос гардидаанд, дар система ошкорбаёнӣ ва шаффофиятро нишон додаанд, дар самти кор бо мардум натиҷаҳои самарабахшро дар соли 2020 ба даст овардаанд, эътироф карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар «Озмуни сол – 2020» вилояти Самарқанд аз рӯйи самти «Ҳудуди аз ҳама намунавӣ» ҷойи якумро сазовор гардид.
Дар ин бобат эътибори асосӣ ба тағйирот ва ислоҳотҳо дар вилоят нигаронида шуд.
Вилояти Сирдарё ҷойи дуввум ва вилояти Қашқадарё ҷойи сеюмро гирифтанд.
Инчунин, дар «Озмуни сол – 2020» ноҳияи Пайариқ дар самти «Ноҳия ва шаҳри аз ҳама намунавии соли 2020» ҷойи сеюмро ба даст овард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ