ҚАРОРИ Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

Дар бораи дохил кардани илова ва дигаргуниҳо ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 16-уми декабри соли 2019 «Дар бораи буҷаи маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2020» таҳти рақами 419/68
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Роҷеъ ба дохил кардани дигаргуниҳо ба Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020» сессияи XX даъвати VI Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд ҚАРОР МЕКУНАД:

Мувофиқи иловаи 3-юми қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 16-уми декабри соли 2019 «Дар бораи буҷаи маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2020» таҳти рақами 419/68 дар шумораи 159 (23, 278)-уми рӯзномаи «Зарафшон» аз 19-уми декабри соли 2019 илова ва дигаргуниҳо дароварда шавад.

Ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо маблағҳои буҷаи ҳудудиро ба миқдори маҳдудгардонидаи маблағҳои буҷа, ки барои тақсимкунандагон ҷудо карда шудааст, бо дарназардошти талаботи қарори мазкур дигаргуниҳо дохил кунанд.

Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ эътиборан ба қувват медарояд.

Бо тартиби муайянгардида қарори мазкурро эълон намудан ва дар веб-­сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгир кардани роҳбари хизмати ахбори ҳокимияти вилоят – котиби матбуот (М. Мирзоев), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Ф. Тошев), рӯзномаи «Овози Самарқанд» (Б. Раҳмонов) таъмин карда шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии масъалаҳои ташаккул ва амалинамоии ислоҳоти иқтисодӣ ва ривоҷи тадбиркории Буҷети маҳаллии Шӯрои намояндагони халқи вилоят (Ф. Насруллоев) ва ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ҷ. Ӯроқов) гузошта шавад.
Раиси Шӯро  Э. ТУРДИМОВ
29-уми декабри соли 2020
№ 138/20

Image
Image
Image
Image
Image
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ