Ҳокимиятҳои маҳаллӣ соли гузашта 32 бинои фарҳангиро фурӯхтаанд


Соли 2020 дар Ҷумҳурии Қорақалпоқистон 8-то, дар вилояти Сурхондарё 8-то, дар вилояти Фарғона 13-то ва дар шаҳри Тошканд 3 бинои фарҳангӣ аз сӯи ҳокимиятҳои маҳаллӣ фурӯхта шудаанд. Дар ин бора Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон маълум кард.
Назарбеков дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки қонуни “Дар бораи фаъолияти фарҳангӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ” муносибати вазорати фарҳангро бо муассисаву созмонҳо танзим мекунад ва минбаъд дар ин бора мавқеъи дақиқи вазорат шакл мегирад”.
Ӯ афзуд, ки соли гузашта яке аз масъалаҳои муҳимми вазорат чоп кардани осор ва китобҳои мусиқӣ ва таъмини комили муассисаҳои таълимӣ бо онҳо буд. Аммо бо вуҷуди омода шудани лоиҳаҳои чопи осор ва китобҳои мусиқӣ онҳо амалӣ нашуданд. Дар ин замина масъалаи молиявӣ ба иҷрои лоиҳаҳо имкон надодааст. Имсол бо дастури сарвазир ин муаммоҳо тадриҷан ҳал хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ