Дар Британияи Кабир ваксинаи қалбакӣ мефурӯшанд


Пулиси Лондон касеро меҷӯяд, ки ба одамон ваксинаи қалбакӣ фурӯхтааст.
Бино ба хабари Би-Би-Си, пулис аз аҳолӣ барои ёфтани ин шахс кӯмак мепурсад.
Гуфта мешавад, ки яке аз қурбониёни ин қаллоб пиразани 92-сола будааст.
Фиребгар худро ба пиразан корманди тиббӣ муаррифӣ кардааст ва ӯро бар ивази 160 фунт стерлинг зидди коронавирус “эм” кардааст.
То маълум нест, ки фиребгар пиразанро бо чӣ доруе эм кардааст. Аммо баъди ин ҳодиса пиразанро дар шифохона муоина кардаанд ва вазъи саломатии ӯ хуб буд.
Дар дигар минтақаҳои Британия низ чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ