Ҳавопаймое, ки аз Ҷакарта парвоз кард, аз радарҳо гум шуд


Ҳавопаймои Boeing 737-500, ки аз Ҷакарта – пойтахти Индонезия ба шаҳри Понтиаки минтақаи Калимантани Ғарбӣ парвоз мекард, аз радарҳо гум шуд. Дар ин бора “МИР 24” ба нақл аз Flightradar хабар дод.
Ҳавопаймо баъди он, ки парвозро оғоз кард, ҳамагӣ 4 дақиқа гузашт ва гум шуд.
Аз лаҳзае, ки тамос бо ҳавопаймо қатъ шуд, вазорати ҳамлу нақли Индонезия оғози ҷустуҷӯи онро оғоз кард.
Ин ҳавопаймои Boeing 737-500-и ширкати Sriwijaya AirSriwijaya Air аз соли 1994 то ба ҳол хидмати мусофиронро мекард. Дар дохили ҳавопаймо тақрибан 60 нафар мусофир буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ