МАЙДОНИ ЯХИН БА ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН ТАЙЁР АСТ

Ин лоиҳаи беназир аз ҷониби Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, ҳокимияти шаҳри Тошканд, Вазорати фарҳанг ва Фонди рушди фарҳанг ва ҳунари назди он, инчунин “Art Uz Promotion Agency”, инчунин тамғаҳои савдои “Saxovat” ва “Weber” амалӣ карда мешавад. 
Ҳадафи асосии лоиҳа тарғиби тарзи ҳаёти солим ва варзиш дар байни аҳолӣ мебошад. 
Бо вуҷуди шароити шадиди пандемия, барои беҳбуди кайфияти мардум кори зиёде анҷом дода мешавад. Дар ин раванд ба риояи қатъии қоида ва талаботи муқарраргардидаи карантин, нигоҳ доштани масофа, баргузароии чорабиниҳо дар фазои кушод диққати ҷиддӣ дода мешавад.  
Майдони яхмолакбозӣ, ки дар муддати кӯтоҳтарин сохта шудааст, метавонад дар ҳарорати то +15 дараҷа кор кунад. Он ҳамчунин аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки дар асоси технологияи пешрафта, аз ҷумла технологияи хунуккунӣ ва яхкунӣ сохта шудааст. 
Акнун дар ин ҷо тӯли як моҳ кӯдакон ва калонсолон метавонанд конкитозӣ кунанд, аз фестивалҳои гуногуни шавқовари мусиқӣ, озмунҳои эҷодӣ, намоишҳо баҳраманд гарданд.
Сарфи назар аз хунукӣ, назди Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ  серодам аст. Садои форами мусиқӣ дар авҷ. Чунин менамояд, ки сардӣ дар муқобили ҳавас, завқ ва ғайрати одамон мағлуб шудааст. 
Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев, ки дар маросими ифтитоҳи майдони яхмолакбозӣ суханронӣ кард, қайд намуд, ки чунин майдончаи яхмолакбозӣ бори аввал дар таърихи пойтахт бунёд ёфтааст. 
Дар ин чорабинӣ табрикоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ Азиз Абдуҳакимов хонда шуд. Дар он қайд гардид, ки дар мамлакати мо бобати  ташкили фароғати пурмазмуни аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бисёр лоиҳаҳои амалӣ ба таври васеъ татбиқ карда мешаванд.
Ба ғайр аз барномаи ҷолиби мусиқӣ, ба иштирокчиёни чорабинӣ инчунин барнома бо иштироки конкитози Русия Алексей Ягудин, ки қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон, қаҳрамони секаратаи Аврупо ва ғолиби дукаратаи финали Гран-при оид ба яхмолакбозӣ мебошад, пешкаш карда шуд. Тамошобинон аз барномаи бадеии бо номи «Зимистон» дар иҷрои ӯ хушнуд гардиданд.
Солҳои охир дар мамлакати мо ин намуди варзиш ба зинаи рушд ворид мегардад, ки ин дар баромадҳои бадеии варзишгарони навраси ин намуди варзиш бори дигар ифодаи равшани худро ёфт. 
Майдони яхмолакбозӣ дар маркази шаҳр як моҳ идома хоҳад кард. Дар ин муддат калонсолон ва кӯдакон метавонанд дар ин ҷо яхмолакбозӣ кунанд, инчунин як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд. Хусусан, баргузории фестивалҳои мусиқии “Dance Music Fest Winter”, “Iosis Fest”, “Tashkent Rap Festival” ва чемпионати ҷавонон оид ба хоккей, намоиши рақси рӯи ях ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин аз ҷониби ташкилкунандагон хидмати минтақаи фудкорт ба роҳ монда шуда, дар он брендҳои машҳури хӯрокхурӣ, дӯконҳои қаннодӣ ва қаҳвахонаҳо фаъолият нишон медиҳанд. Дар назди майдон нуқтаи иҷора барои конкӣ ва дигар лавозимоти яхмолакбозӣ кушода мешавад. 
Ифтитоҳи майдони ях дар фазои кушод ба як воқеаи варзишӣ, ҷашни саломатӣ табдил ёфт. 

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.
Суратгир: О.ҒУЛОМОВ (ӮзА).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ