Бемористонҳои Британияи Кабир бо беморон пур шуд


Рӯзи гузашта дар Британияи Кабир 68 053 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Ҳамчунин, 1325 нафар бемор фавтиданд. Ҳар ду омор дар даври пандемия дар Британия натиҷаи “рекордӣ” мебошад.
Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир эълон кард, ки ҳоло бемористонҳои кишвар бо беморон пуропур шудааст ва коронавирус бо суръати нигаронкунанда паҳн мешавад.
Ба гуфтаи Ҷонсон ваксина ба Британия умед медиҳад, аммо ҳоло дар хона мондан, ҳимояи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ҷони одамон хеле муҳим аст.
Бино ба хабарҳои расонаҳои британияӣ, дар Англия аз ҳар 50 нафар яке ва дар Лондон аз ҳар 30 нафар яке мубталои коронавирус шудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8 январ дар Лондон вазъияти фавқулодда эълон шуд.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Британияи Кабир беш аз 2,95 миллион нафар ва шумори қурбониёни он беш аз 79,8 ҳазор нафар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ