Вазир: Ӯзбекистон нисбат ба эҳтиёҷи худ 80 ҳазор нафар омӯзгори зиёдӣ дорад


Шерзод Шерматов, вазири таълими халқи Ӯзбекистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло соҳаи таълими кишварамон беш аз 80 ҳазор нафар омӯзгори зиёдӣ дорад.
Шерматов гуфт, “Ҳоло мактабҳои кишвар омӯзгорони кофӣ дорад. Агар дар саросари ҷумҳурӣ соати омӯзгорӣ ва шумори омӯзгоронро муқоиса кунем, мебинем, ки беш аз 80 ҳазор омӯзгори зиёдӣ фаъолият доранд”.
Ба гуфтаи вазир, дар баъзе аз мактабҳо сифати таълим беҳтар аст ва ҳама падару модарон ба ин мактабҳо фарзанди худро мехоҳанд баранд. Мактабҳо аз ҷиҳати сатҳи таълим ба се тоифа: сурх, зард ва сабз тақсим шудаанд.
Шерматов афзуд, “Сатҳи таълим да мактабҳои сурх хеле паст аст. Вазифаи мо ин аст, ки шумори ин мактабҳоро кам кунем. Дар муроҷиатномаи раисҷумҳур механизми болобарии сифати таълим нишон дода шуд. Яъне, омӯзгорон, ки аз як ноҳия ба мактаби “сурх”-и ноҳияи дигар кор мекунанд, 50 дарсад, омӯзгороне, ки дар мактаби вилояти дигар кор мекунанд, 100 дарсад изофапулӣ мегиранд ва ин дар муроҷиатнома гуфта шуд. Ин ба пеш рафтани кори мактабҳо ангеза хоҳад буд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ