Ҳавопаймое, ки дар Индонезия баъди парвоз ба радарҳо нопадид шуд, ба об афтод


Ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air-и Индонезия, ки дар дохилаш 65 нафар буд, дар ноҳияи Явани ҷазираи Лаки ба об афтод.
Бино ба хабари агентии Синхуа, наҷотдиҳандагон пораҳои ҳавопаймо ва ҷасадҳои мусофиронро пайдо кардаанд. Дар миёни мусофирон 6 нафар кӯдак низ буданд.
Ёдовар мешавем, чанд соате пеш расонаҳои Индонезия дар бораи гум шудани ҳавопаймои Boeing 737-500 баъди 4 дақиқаи парвоз ба осмон хабар дода буданд. Ҳавопаймо аз Ҷакарта ба сӯи Понтиаки ҷазираи Калимантан парвоз мекард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои шоҳидон аз ин ҳодиса мунташир мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо чанд таркиши паиҳамро шунидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ