Ба беморони гирифтори COVID-19 истеъмоли чӣ гуна маводи ғизоӣ манъ аст?

Истеъмоли бархе аз маводи ғизоӣ ба бемори гирифтори коронавирус, зарар дорад.
Дар ин бора пизишки терапевт, номзади илмҳои тибб Екатерина Бурляева нақл кард.
Ба гуфти ӯ ғизо худ наметавонад манбаъи сирояти коронавирус шавад.
«Ин на истеъмоли яквақтаъина балки, маҷмӯъи одатҳои бад мебошад, ки дар охир ба рафти бемории коронавирус таъсири худро мерасонад», — қайд кард коршинос.
Бурляева гуфт, ки барои бемори гирифтори коронавирус менюи вижа омода шудааст. Он аз ҷониби Роспотребнадзор омода шудааст.
Ба нафароне, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ва бо ин сироят мубориза мебаранд, истеъмоли шакар ва намак тавсия дода намешавад.
Онҳое, ки ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд, истеъмоли нон ва маводи нонӣ тавсия дода мешавад.
Ҳамчунин обҳои газдор ва нӯшокиҳои дорои оби мева метавонанд ба дардмандони COVID — 19 таъсири манфӣ расонанд, гуфт коршинос дар суҳбат бо «Российская газета».
Дар баробари ин Бурляева мегӯяд беморони гирифтори коронавирус набояд гӯшти равғандор, ҳасиб, панир, картошка ва фастфуд истеъмол кунанд.
Ҳамин тавр ба гуфти коршиносон дар давраи бемории коронавирус инсон бояд бештар компот, шӯрбои мурғӣ ва кашаҳои ширӣ истеъмол кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ