Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда дар Индонезия ба ҳалокат расиданд

Дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 рӯзи 9 январ замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.
Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, ки дар Индонезия суқут кард, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд.
Хадамоти идории замин робитаро бо халабонони ҳавопаймо пас аз 4 дақиқа пас аз парвоз аз фурудгоҳ қатъ карданд.
Сокинони ҷазираҳои ба маҳалли суқут наздиктарин чанд таркишро шуниданд. Дар паи суқут ҳавопаймо ба об сарозер шуд ва дар натиҷа касе аз ин суқути фалокатбор ҷон ба саломат набурд.
Бино ба гузориши вазири нақлиёти Индонезия Буди Кариа Сумади, дар обе, ки дар наздикии соҳил ҷойгир аст, наҷотбахшон пораҳои лайнер ва узвҳои баданро берун мекашанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили киштӣ шаҳрвандони Русия набуданд.
То кунун дар бораи иллати суқути ҳавопаймои мусофиркаш мақомоти Индонезия маълумоти расмӣ ироа накардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ