Шумори гирифторони коронавиурс дар ҷаҳон  ба 90 миллион наздик шуд

Шумори гирифторони коронавиурс дар олам  ба 89 миллиону 456 ҳазору 348 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 924 ҳазору 96 нафар ҷан бохтаву 64 миллиону 108 ҳазору 46 нафар шифо ёфтаанд. Ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 108 ҳазору 904 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:
ИМА — 22 461 696
Ҳинд — 10 432 526
Бразилия — 8 015 920
Русия — 3 379 103
Бритониёи Кабир — 2 957 472
Фаронса — 2 747 135
Навъи нави коронавирус SARS-CoV-2, ки 50% фаъолтар аз гунаҳои дигари он паҳн мешавад, метавонад дар ИМА низ пайдо шавад. Дар ин бора ширкати телевизионии CNN истинодан ба маърӯзаи гурӯҳи кории Кохи Сафед, ки масъалаҳои мубориза бо коронавирусро меомӯзад, хабар дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ