COVID-19: дар Бритониёи Кабир афзудани шумораи фавт мақомоти давлатиро нигарон кардааст

Дар Бритониёи Кабир зарфи 28 рӯзи охир аз коронавирус 1325 нафар фавтиданд. Ин мақомоти давлатиро нигарон кард. Дар натиҷа сеюмин навъи воксани амрикоии Modernaро барои истифода иҷозат доданд. Ҳукуматдорон аллакай 17 миллион вояи истифодаи ин фоксанро, ки қарор аст ҳамзамон бо воксани қаблан қабулшудаи Pfizer-BioNTech ва Oxford-AstraZeneca истифода шавад, фармоиш додаанд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан якуним миллион шаҳрвандон дар Британия воксан гирифтанд. Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, шумораи гирифторон дар Лондон дар ҳар 100 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз ҳазор нафар гузаштааст. Бюрои омори миллӣ рақами аз ин ҳам бештарро эълон мекунад: тибқи ҳисобу китоби он, аз ҳар 30 нафар дар Лондон яке аз онҳо метавонад сироятёфта бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ