Шаҳрвандони Русия акнун барои киштукори картошкаи “ғайриқонунӣ” ҷарима месупоранд


Расонаҳои Русия дар бораи ҷорӣ шудани ҷарима барои кишти картошкаҳои “ғайриқонунӣ” хабар медиҳанд.
Егор Редин, мутахассиси ҳуқуқдони ширкати “Позиция Права” ин ҳолатро шарҳ дод.
Ба гуфтаи Редин, тухмии картошкае, ки ҳосили он дар оянда фурӯхта мешавад, бояд танҳо аз мағозаҳои махсус харидорӣ шавад. Касе, ки тухмии “ғайриқонунӣ”-и картошка кишт мекунад ва мақсадаш фурӯши ҳосили картошка аст, ҷарима месупоранд. Ҷарима барои ин қоидашиканӣ 500 рубл аст.
Дар сурате, ки деҳқон ҳосили картошкаи “ғайриқонунӣ”-ро худаш барои истеъмол нигоҳ медорад, ё, аз он барои кишти баъдӣ тухмӣ мегирад, ҷарима намесупорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ