ИМА барои Ӯзбекистон ва Қазоқистон 1 миллиард доллар ҷудо мекунад


ИМА барои иҷрои ташаббуси “Шарикии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ” 1 миллиард доллар ҷудо мекунад.
Намояндагони ИМА, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ин бора баёнияи махсусро эълон карданд.
Ин маблағ дар муддати 5 сол барои дастгирии лоиҳаҳое, ки барои рушди бахши хусусӣ ва робитаҳои иқтисодии минтақа хидмат мекунанд, дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон сарф мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин ташаббус дар чорчӯби қолаби “С+1” иҷо мегардад. Ҳадаф аз ин ташаббус рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ва амалӣ кардани ҳамаи имконоти мавҷуда дар ин замина аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ