Маориф

ГУРӮҲИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК дар Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ кушода шуд

Дар кишвари мо соҳаи таълим ба ислоҳоти куллӣ дучор мегардад. Тайёр кардани кадрҳои болаёқат ва дорои дониши замонавӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ба таври бояду шояд роҳандозӣ мешавад, ки натиҷаҳои худро дода истодааст.
Роҳбари давлат Ш. Мирзиёев на танҳо барои фаъолияти омӯзгорону устодони донишгоҳҳо заминаи мусоид фароҳам овард, балки барои аз беху бун нест кардани ришваситонӣ дар соҳа ҳиммат мегуморад. Тайи беш аз дуюним соли охир корҳое, ки дар соҳаи таълим ба назар мерасанд, касро ба ояндаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол дилгарм мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки кишвари мо мамлакати сермиллат буда, намояндагони ҳар як халқу миллат дар он аҳлона ба сар мебаранд. Аз ҷумла, тоҷикон дар баробари мардуми дигар дар ободиву гулгулшукуфии Ватани маҳбуб содиқона хизмат макунанд, барои ривоҷу равнақи фарҳангу забон, анъанаву оинҳои миллӣ ва адабиёту санъати тоҷик шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Воқеан пас аз ба сари қудрат омадани Президент Ш. Мирзиёев муносибати байни тоҷикону ӯзбекон ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд. Ин ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилии ду халқи таърихан ҳамсояву ҳамдил таъсири амиқ гузошт. Далели чунин ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки дар Ӯзбекистон фарзандони тоҷик дар 245 мактаби ҳамагонӣ ба забони модарии худ таҳсил мегиранд. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Фарғона шуъбаҳои забон ва адабиёти тоҷик амал мекунанд. Соли сипаришуда бо назардошти кадрҳои тоҷикзабони вилояти Тошканд дар таркиби Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ шуъбаҳои ғоибонаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабӣ ба забони тоҷикӣ боз гардид.
Бинобар маълумоти масъули комиссияи қабули донишкадаи зикршуда Г. Тоҷибоева соли ҷорӣ қабул ба шуъбаи рӯзонаи забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамин донишкада ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатсупорӣ ба шуъбаи мазкур аз 1 июл то 15 июли соли 2019 идома хоҳад кард. Ба шуъба 20 нафар қабул карда мешаванд. Довталабон аз ҳар кадом минтақаи кишвар метавонанд ҳуҷҷат супорида, баъди гузаштани имтиҳон дар гурӯҳи мазкур таҳсил гиранд. Донишҷӯёне, ки дар ин ҷо таҳсил хоҳанд кард, баъди итмоми он соҳиби дипломи бакалавр мешаванд.
Барои онҳое, ки мутахассиси забон ва адабиёти тоҷик шудан мехоҳанд, беҳтарин имконият аст. Шитобед, то дер намонед!
Х. ҲАМИДОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ