Дар 7 иёлати Ҳиндустон зукоми паранда паҳн шуд


Дар 7 иёлати Ҳиндустон паҳншавии зукоми паранда сабт шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NDTV хабар дод.
Рӯзи 8 январ дар иёлатҳои Ҳимачал-Прадеш, Мадҳя-Прадеш, Керала ва Раҷастан, рӯзи 10 январ дар Уттар-Прадеш, Ҳаряна и Гуҷарат паҳншавии зукоми парандаро сабт карданд.
Ҳукумат ҳоло барои пешгирии паҳншавии зукоми паранда дар дигар минтақаҳо иқдом мекунад. Аз ҷумла, дар Деҳлӣ, Панҷоб, Маҳараштра ва Чхаттисгарҳ низ чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Моҳи ноябр дар Япония паҳншавии зукоми паранда эълон шуда буд. Зукоми паранда ҳамагӣ дар 14 вилояти Япония мушоҳида гардид. Барои пешгирии паҳншавии минбаъдӣ дар ин кишвар беш аз 3,8 миллион мурғро куштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ