Шварсеннегер: Трамп ҳамчун бадтарин раисҷумҳур дар таърихи ИМА хоҳад монд


Арнолд Шварсеннегер, губернатори собиқи Калифорния чунин мешуморад, ки Доналд Трамп баъди ҳамла ба Капитолий дар таърихи ИМА ҳамчун бадтарин раисҷумҳури кишвар номи худро мегузорад. Шварсеннегер дар видеопаёми худ дар Твиттер чунин гуфт.
Ба гуфтаи вай, роҳбари феълии Кохи Сафед мехост натиҷаҳои интихоботро тағйир диҳад ва табаддулотро роҳандозӣ кунад ва барои расидан ба мақсади худ мардумро ба суханҳои худ бовар кунонд.
Шварсеннегер афзуд, ки демократияи ИМА мисли оҳан сахту мустаҳкам аст.
Ёдовар мешавем, тарафдорони Трамп рӯзи 6 январ ба бинои Конгресс ҳамла карданд. Дар натиҷаи задухӯрди онҳо бо пулис 5 нафар кушта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ