Лоиҳаҳои инвеститсионӣ тақдимот гардид

Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 11-уми январ аз вилояти Ҷиззах баргашта, бо тақдимоти лоиҳаҳои инвеститсионӣ шинос шуд. Бонкҳои тиҷоратӣ дар бораи лоиҳаҳои инвеститсионии дар соли 2021 амалишаванда маълумот доданд. Дар мамлакат дар ҳолати ҷалб кардани технологияҳои замонавӣ ба истеҳсоли маҳсулоти экспортбоб ва ҷойи импортро гиранда эътибор дода мешавад. Хусусан, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ дар соли 2021 молиякунонии лоиҳаҳои калони инвеститсионии 120 триллион сӯмина дар назар аст. Ба ғайр аз ин, 14 лоиҳаи калони инвеститсионии қариб 1 миллиард доллара кор карда шудааст. Масалан, дар коргоҳе, ки дар шаҳри Сирдарё фаъолияти дорад, халтаҳои полиэтиленӣ ва контейнерҳои сабук истеҳсол мекунанд. Дар ин ҷо қариб 2000 нафар меҳнат мекунанд. Дар самараи лоиҳаҳои нав техникаҳои махсус, маҳсулоти полиметалл, маводи геосинтетикӣ, плитаҳои сохтмон дар асоси пахтаи минерал, қубур, оина ва дигар маҳсулот тайёр карда мешавад. Кластерҳои меваю сабзавот ва ҳудудҳои саноати хурд ташкил мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ