Шумори қурбониёни бориши шадиди барф дар Япония ба 16 нафар расид


Шумори қурбониёни бориши шадиди барф дар Япония ба 16 нафар расид, 300 нафар захмҳои гуногун гирифтанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NHK хабар медиҳад.
Дар зимн, вазири ҳамлу нақли Япония дар нишасти матбуотӣ узр пурсид, ки вазорат барои поксозии роҳҳои барфпӯш, ки боиси тирбандӣ ҳам мешавад, бо самарбахшии кофӣ кор карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, бориши барф, ки чанд рӯз идома дошт, беш аз ҳама дар минтақаҳои соҳили Баҳри Япония шадид буд. аксарияти қурбониён ва захмиён низ аз ҳамин минтақаҳо мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ