Британияи Кабир барои эмгузаронии зидди коронавирус 1 млрд доллар ҷамъ оварад

Британияи Кабир тавонист барои эмгузаронии зидди коронавирус дар 92 кишвари рӯ ба тараққӣ 1 млрд доллар ҷамъ оварад. Дар ин бора дар намояндагии доимии Британия дар СММ дар робита бо оғози сафари «серӯзаи маҷозии» дабири кулли созмон Антонио Гутерриш ба Британия изҳор доштанд, хабар медиҳад бо истинод ба ТАСС.
«Британия то ба ҳол як миллиард доллар аз сармоягузорони байналмилалӣ ҷалб кардааст, то ба кишварҳои бештар осебпазир дар дастрасӣ ба ваксинаҳои зидди коронавирус ва манъ кардани паҳншавии пандемия кумак кунанд», — иброз намуданд дар намояндагии дипломатӣ.
Ин маблағҳо барои маблағгузории иловагии механизми COVAX равона хоҳанд шуд. «Дар ин саҳми худи кишвар дар ҳаҷми 548 миллион доллар низ шомил аст. Ин маблағ имкон медиҳад, ки имсол 92 кишвари рӯ ба тараққӣ бо 1 миллиард вояи ваксина таъмин карда шаванд”, — эзоҳ доданд дар намояндагии доимӣ.
«Табиист, ки Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо ҳампаймонҳояш ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси СММ барои кишварҳои осебпазир 1 миллиард вояи ваксинаи зидди коронавирусро дастрас гардонид», — зикр шудааст дар изҳороти вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Доминик Рааб, ки онро намояндагии доимии кишвар дар СММ интишор намудааст.
Хотиррасон мекунем, ки механизми COVAX AMC (Advance Market Commitment) — ро СУТ муштаракан бо Эътилофи сартосарии ваксинаҳо ва иммунизатсия (GAVI) ва Эътилофи инноватсияи дар соҳаи таъмини омодагӣ зидди эпидемияҳо, ки таъсиси иқтидорҳои истеҳсолиро дастгирӣ ва доруҳоро харидорӣ мекунад, ташкил намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ