Дар ИМА шумори корбарони Telegram якбора афзоиш ёфт


Дар ИМА шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Telegram аз ҳисоби тарафдорони Доналд Трамп якбора хеле зиёд шуд. Дар ин бора рӯзномаи британияии Telegraph ба истинод ба маълумоти ширкати Sensor Tower навишт.
Аз рӯзи 6 то 10 январ дар ИМА 545 ҳазор нафар истифодаи Telegram-ро оғоз карданд.
Гуфта мешавад, ки блок шудани сафҳаи Трамп дар Twitter ва Facebook, қоидаҳои нави махфияти шабакаҳои Parler ва WhatsApp боиси шӯҳрат пайдо кардани Telegram дар миёни амрикоиҳо, ба хусус, тарафдорони Трамп гардид.
Ҷен Голдбек, профессори пажӯҳишҳои иттилоотии донишгоҳи Мэриленд мегӯяд, ки Telegram метавонад барои тарафдорони Трамп “хонаи боэътимод” бошад, зеро онро нисбат ба Parler блок кардан душвортар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ