Хизмат ба Ватан шараф аст!


Дар ноҳияи Ҷомбой ба муносибати Рӯзи ҳимоягарони Ватан фестивали ҳарбӣ ватанпарварӣ гузаронида шуд.
Дар тадбир, ки зери шиори “Ҳар кӣ ба Ватан содиқ бошад, ман ҳамон ҳастам!” ташкил гардид, хизматчиёни гарнизони Самарқанди Округи марказии ҳарбӣ, вакилони садорат ва шӯъбаҳои Гвардияи миллӣ, корҳои дохилӣ ва вазъиятҳои фавқулодда иштирок карданд.
Иштирокдорони тадбир бо сафдории ҳарбӣ дар стадиони марказии ноҳияи ҷамъ омаданд.
Ҳокими ноҳия Қ.Собиров муҳофизони ватанро табрик намуда, дар бораи ҷасорати онҳо ҳарф зад.
– Вақте ки ҳимоягари Ватан мегӯем, дар мадди назари мо пеш аз ҳама симои Ҷалолиддин Мангубердӣ, Наҷмиддин Кубро, Амир Темур, Заҳириддин Муҳаммад Бобур барин аҷдодони бузургамон намоён мешавад, — гуфт ҳоким. – Бо боварӣ гуфта метавонем, ки хислатҳои мардӣ, ҷасурӣ, садоқат ба Ватани онҳо, дар вуҷуди ҷавонмардони имрӯзаи мо, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, ҷӯш мезанад. Набояд фаромӯш кард, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург аст ва роҳи умри тайнамуда ва ҷасорати нишондодаи ин ҷавонмардон намунаи ибрат аст.
Дар идомаи тадбир ҷасорати хизматчиёни ҳарбии ҷомбойӣ Муродҷон Тоҷиев, Норбек Қодиров, Келдиёр Холматов, Шуҳрат Ҷуманов, ки дар роҳи осоиштагии Ватан, бехатарии сарҳади кишвар ҷон нисор кардаанд, ба ёд оварда шуд.
Оркестри ҳарбии Маркази маънавият ва маърифати назди гарнизони Самарқанд бо баромадҳои ҷолиби худ табъи иштирокдоронро болида намуд.
Инчунин, як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ, аскар ва сержантҳо бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои ҳокимияти ноҳия мукофотонида шуданд.
Ҳокими ноҳия ва як гурӯҳ масъулон ба хонадони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои вазифа вафот кардаанд, ташриф оварда, аз ҳоли оилаи онҳо хабар гирифтанд. Ба фарзандони низомиёни қаҳрамон тӯҳфаҳои идона супорида шуд.
Хизмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ