Омӯзгори амрикоӣ дар кӯдакистон ба кӯдакон таълиму тарбия медиҳад


Муассисаи таълими томактабии хусусии «Genius Kids Akademy», ки дар маҳаллаи Ифтихори ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд фаъолият дорад, барои омӯзишу парвариши кӯдакон саҳми худро дорад.
Бино ба хабари шабакаи “Янги Ӯзбекистон”, ин кӯдакистон чанде пеш фаъолияти худро оғоз кард ва ҳолол тақрибан 50 нафар кӯдак дар он омӯзишу парвариш меёбанд.
Яке аз мураббиёни ин кӯдакистон Мисс Фортуна, шаҳрванди ИМА аст. Ӯ ба кӯдакон забони софи англисиро бар асоси стандартҳои ҷаҳонии таълим ёд медиҳад.
Бино ба маълумоти маркази матбуотии ҳокимияти вилояти Тошканд, имрӯз дар Қибрай 9 кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ