Эй меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам…

Ҳасан ва Ҳусайни нарпайӣ аз овоне, ки худро мешиносанд, шеъру сурудҳои шунида ва ба худ мақбулро аз ёд карда, якҷоя замзама мекарданд. Модаркалони онҳо Дилороммомо истеъдоди наберагонашро пай бурда, дугоникҳоро ба мактаби бачагонаи мусиқа ва санъати рақами 13-уми ноҳия мебарад.
– Ҳасан ва Ҳусайн мактаби моро хатм карда бошанд ҳам, то ҳол ҳамкориро давом медиҳем, – гуфт устоди онҳо Шавкат Мелиқулов. – Ин шогирдонам истеъдоди модарзодӣ доранд ва дар самти мумтози миллӣ ҳамовоз месароянд. Онҳоро аз якдигар ҷудо кардан душвор аст.
– Дар арафаи Иди истиқлол мувофиқи қарори Президенти мамлакат бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардидам, – бо мамнуният гӯфт Ҳасан Нуруллоев. – Бояд гуфт, ки ин мукофот аз они ман ва Ҳусайн аст. Бо Ҳусайн ҳамовоз сурудхонӣ мекунем. Якҷоя дар бисёр озмун иштирок кардем ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, ташаккурномаву дипломҳо гардидем. Минбаъд низ кӯшиш мекунем, то ба боварии Сарвари давлат муносиб бошем.
Ҳасан ва Ҳусайн Нуруллоев соли 2016 дар зинаи ҷумҳуриявии озмун-­азназаргузаронии «Ғунчаҳои истиқлол»-и Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҷойи якумро ба даст оварданд. Моҳи октябри соли 2017 дар Фестивали байналхалқии IX «Муғом», ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон гузаронида шуд, ҷойи сеюм ва моҳи декабри ҳамон сола, дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Ситораҳои камалак» ҷойи якумро гирифтанд.
Моҳи марти соли 2018 дар озмуни байналхалқии «Истеъдод-­II», ки дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд, иштирок карда, бо дипломи дараҷаи дуввум мукофотонида шуданд.
– Дар арафаи Соли нав ба як гурӯҳ самарқандиён, ки дар асоси фармон ва қарорҳои Президенти мамлакат бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, мукофотҳо тантанавор супорида шуданд, – гуфт Ҳусайн Нуруллоев. – Хурсандам, ки дар радифи беш аз 60 нафар фидокорони самарқандӣ ману Ҳасан низ аз дасти ҳокими вилоят Э. Турдимов мукофоти давлатии «Мард ӯғлон»-ро қабул кардем. Ин барои мо бахти бузург ва дар баробари ин масъулият аст. Масъулияти муносиб будан ба ин эътибор ва эътироф. Мо дар оянда таҳтидилона мекӯшем, то ин мукофотро сазовор бошем ва бобати тарғибу пойдории санъати миллӣ самҳгузорӣ намоем. Ободӣ ва озодии кишвар, дастовардҳои истиқлолро мадҳ намоем ва ба Ватан содиқона хизмат кунем. Аз забони шоир гуфтаниям:
Эй меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам,
Достонсаро ба васфи ту бо сад забон манам…

Бояд гуфт, ки бародарон – Ҳасан ва Ҳусейн ҳоло дар мактаби таълими умумии рақами 64-и ноҳияи Нарпай таҳсил мегиранд.

Фазлиддин РӮЗИБОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ