СИПАРИ МУЪТАМАДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЯГОНАГИИ САРҲАДИ МО

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 11 январ ба вилояти Ҷиззах рафт.
Роҳбари давлат аввал бригадаи артиллерии Округи марказии ҳарбиро аз назар гузаронид.
Дар ин қисми ҳарбӣ корҳои васеъмиқёси бинокориву таъмирӣ гузаронида, барои ҳидматчиёни ҳарбӣ шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои иҷрошуда шинос гардид.
– Мақсади асосии мо ин таъмин сохтани ягонагии халқ ва артиш мебошад. Дарҳои қисмҳои ҳарбӣ бояд барои халқ боз бошанд. Зиё, маънавияти артиши миллӣ бояд ба ҳар кас дастрас бошад. Ба ин ҷо бояд ҷавонон даъват шаванд, бо кори ҳарбӣ ошно гарданд. Ин барои дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия ёфтан, ғанӣ гардидани донишҳои онҳо дар бораи таърих ва нирӯи кишвари мо хидмат мекунад. Аз ин падару модарон низ хурсанд мешаванд, – гуфт Президент.
Бинои таълимии қисми ҳарбӣ мувофиқи талаботи пешқадамтарини тайёрии ҳарбӣ муҷаҳҳаз шудааст. Тренажёрҳое, ки имкон медиҳанд хидматчиёни ҳарбӣ дар вазъи ба шароити набард хеле ҳаммонанд обу тоб ёбанд, устувор карда шудаанд.
Роҳбари давлат машғулиятҳои таълимиро аз назар гузаронид, муҳимияти ташаккули дурусти дониш ва фанҳои ҳарбиро аз синну соли мактабӣ, пурзӯр намудани робитаи тарафайни омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ва округҳои ҳарбиро таъкид намуд.
Ба шахсони масъул бобати ба дараҷаи нав бардоштани тайёрии ҳарбӣ, бо назардошти хурӯҷҳое, ки дар ҷаҳон мушоҳида мешаванд, омӯхтани таҷрибаи хориҷӣ, аз худ кардани технологияҳои пешқадамтарини иттилоотӣ супоришҳо дода шуданд.
Дар казармаҳои қисми ҳарбӣ барои буду бош, истироҳат, пурмазмун гузаронидани вақти холии хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкам кардани дониши онҳо тамоми шароит муҳайё мебошанд.
Ошхонаи қисми ҳарбӣ бинобар низоми аутсорсинг хидмат мерасонад. Ин ба аскарон имкон медиҳад тамоми вақт ва нирӯи худро ба тайёрии касбӣ сафарбар намоянд.
Шавкат Мирзиёев аз бунгоҳи тиббии қисм боздид ба амал овард. Дар ин ҷо ба аскарон ва аъзои оилаи онҳо кӯмаки баландихтисос расонида мешавад.
Президент зарурати истифода бурдани таҷҳизоти бунгоҳи тиббӣ ва иқтидори кадрҳои онро барои санҷиши тиббии сокинони деҳкадаи Алмачии шафати он, кӯмакрасонӣ ба мустаҳкам кардани саломатии аҳолиро таъкид сохт. Супориш дода шуд, ки барои қӯшунҳои эҳтиётии Вазорати мудофиа ду госпитали зудамали ҳар кадомашон дорои 500 кат бунёд карда шавад.
Сипас роҳбари давлат бо ҷараёни тайёрии ҳарбии қӯшунҳои Вазорати мудофиа дар машқгоҳи кӯҳии «Фориш» шинос гардид.
Президент машқгоҳи мазкурро аллакай моҳи марти соли 2018 дида, барои онро ба пойгоҳи намунавӣ табдил додан, кор карда баромадани консепсияи нав ва бозсозии тамоми машқгоҳҳои ҳарбии мамлакат супориш дода буд. Баъд аз он ин минтақаи таълимию санҷишӣ мувофиқи талаботи замон бозсозӣ гардид, барои тайёрии ҳарбии ҳайати шахсӣ шароити замонавӣ фароҳам оварда шуданд.
Ғалабаҳоеро, ки дар машқгоҳи мазкур дастаи яккачини Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар Бозиҳои байналхалқии ҳарбии солҳои 2019 ва 2020 ба даст овард, метавон натиҷаи бозсозии инфрасохтори он ҳисобид.
Ба Президент нусхаи иншоотеро, ки бояд дар ҳудуди ин машқгоҳ бунёд ёбанд, муаррифӣ карданд. Шавкат Мирзиёев бинои таълимӣ, китобхона, ошхона, казармаҳо, толори варзиширо дида баромад, бозии оид ба регбии байни дастаҳои мунтахаби Округи ҳарбии марказӣ ва Округи ҳарбии шарқиро тамошо кард.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо хидматчиёни ҳарбӣ дар сари як миз самимона суҳбат намуд. Аскарони соҳибистеъдод намунаҳои санъати бахшигиро иҷро карданд.
Сипас роҳбари давлат дар машқгоҳи кӯҳии «Фориш» яроқу аслиҳа ва техникаи замонавии ҳарбиро, ки дар ихтиёри қӯшунҳо мебошанд, муоина кард.
Машқҳои намоишӣ ба амал омаданд, ки дар ҷараёни он қӯшунҳои Округи ҳарбии марказӣ амалиётро оид ба нобуд кардани ҳарифи шартиро иҷро карданд, чорабиниҳои ҳарбиву муҳандисиро намоиш доданд.

Лётчики ҳарбӣ, полковник Бахтиёр Отаҷонов бо тирандози МиГ-29 иқтидори мудофиаи зиддиҳавоии мамлакати моро намоиш дод. Зикр шуд, ки чунин машғулиятҳои тактикӣ бобати баланд бардоштани тайёрии ҳарбии аскарон, дар онҳо ташаккул додани донишҳои нави истифода аз техникаи замонавии ҳарбӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар ҳамин ҷо бо ҳайати шахсӣ суҳбат ба амал омад. Президент таъкид сохт, ки ба шарофати ислоҳоти мунтазам, ки солҳои охир дар соҳаи ҳарбӣ татбиқ мешаванд, артиши миллии мо, ки сипари муътамади истиқлолият ва ягонагии қаламрави мамлакатамон ба шумор меравад, сол аз сол такмил меёбад, дониш, нирӯ ва иқтидори афсарону аскарон зиёд мешавад.
– Машқгоҳи мазкур бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошад. Дараҷаи тайёрии аскарону афсарон низ баланд бардошта шавад. Барои ин бояд ба сифати тайёрӣ, маҳорати ҳарбӣ эътибори махсус дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат хидматчиёни ҳарбиро бо 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан муборакбод кард.
– Солҳои охир мо чун анъана дар арафаи ҷашн мулоқот мекунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Артиши кунунии мо он артише нест, ки панҷ сол муқаддам буд. Дар натиҷаи корҳое, ки мувофиқи Доктринаи мудофиаи мо иҷро шуданд, иқтидори артиши миллӣ хеле баланд гардид. Баробари комёбиҳои ба даст омада дар назди мо бисёр нақша ва вазифаҳо истодаанд. Бояд минбаъд низ иқтидори ҳарбии қӯшунҳоямон мустаҳкам карда шавад. Барои ин дониш, таҷриба, тайёрӣ зарур мебошад.
Президент ба шахсони масъул бобати мунтазам боло бардоштани иқтидори ҳарбӣ ва тайёрии қӯшунҳо супоришҳои дахлдор дод.
Сипас роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, хабарнигори ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ