Якбора 355 нафар узви мафия назди қонуни Италия ҷавоб медиҳанд


Гурӯҳи ҷиноии “Ндрангета”-и Италия дар назди қонуни Италия ҷавоб медиҳад. Дар ин бора ANSA хабар дод.
Бино ба пешбинии мутахассисон, ҷараёни баррасии парвандаи гурӯҳи мафия ва ҳамдастони он беш аз 2 сол тӯл хоҳад кашид. Дар ин ҷараён 355 нафар муттаҳам, беш аз 900 нафар шоҳид ва 400 нафар адвокат иштирок мекунанд. Ҳамчунин, 60 нафар корманди давлатӣ ҳамчун шоҳид омодаанд асрори синдикати ҷиноиро фош кунанд.
Баррасии парвандаи ҷинояткорон дар бинои махсус дар маркази Калабрия баргузор мешавад. Дар оғози ҷараёни баррасӣ танҳо барои муаррифии муттаҳамон се соат сарф шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ