Миллиардере, ки лақаби “ҳамёни Трамп”-ро гирифта буд, даргузашт


Шелдон Аделсон, миллиардери амрикоӣ дар синни 87 даргузашт. Ӯ дар солҳои охири зиндагиаш бо бемории саратон мубориза мебурд. Дар ин бора AP хабар дод.
Аделсон дар поёни даҳаи 80-ум ба ширкати Las Vegas Sands асос гузошт. Ин ширкат дар Лас Вегас ва Макао казинои худро дошт. Дар феҳристи Forbes сарвати ӯ 35 миллион доллар сабт шудааст. Аделсон яке аз ҳомиёни асосии Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА буд.
Хабарнигорон дар муборизоти раисҷумҳурии соли 2016 Аделсонро “ҳамёни Трамп” номида буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ