Ардуғон мехоҳад Туркияро ба ҷойи Британияи Кабир дар таркиби Иттиҳоди Аврупо бинад


Раҷаб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия ба Брюссел пешниҳод кард, ки ба ҷойи Британияи Кабир кишварашро ба Иттиҳоди Аврупо қабул кунад. Дар ин бора агентии Anadolu хабар дод.
Ардуғон гуфт, “Ҳама номуайяниҳое, ки Брексит аз паси худ овард, танҳо баъди узвияти Анқара аз байн хоҳад рафт”.
Ба гуфтаи вай, ҷараёни чандинсолаи пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо интихоби стратегии Туркия мебошад.
Туркия соли 1987 барои дарёфти узвияти Иттиҳоди Аврупо муроҷиати расмӣ кардааст. Соли 2005 Брюссел ва Анқара дар ин бора музокираҳоро оғоз карданд. Аммо музокираҳо чанд бор ба далели гуногун қатъ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ