Карантин дар Олмон ҳадди ақал ба ду моҳи дигар тӯл мекашад


Ангела Меркел, канслери Олмон эълон кард, ки карантин дар кишвар ҳадди ақал ба 8 ҳафтаи дигар тӯл мекашад. Аз оғози пандемия то ба ҳол дар Олмон тақрибан 2 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд. Рӯзи сешанбе шумораи рӯзонаи қурбониёни коронавирус ба 890 нафар расид.
Ҳамчунин, ҳукумати Португалия низ мехоҳад ҳадди ақал ба муддати як моҳ карантин ҷорӣ кунад. Рӯзҳои охир дар ин кишвар низ вазъияти эпидемиологӣ мураккабтар мешавад.
Иттиҳоди Аврупо то ҳол бо шаш озмоишгоҳ бобати харидории ваксина қарордод имзо кард. Ҳамчунин, оғози ҳамкорӣ бо чанд озмоишгоҳи дигар низ барномарезӣ шудааст. Ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ ваксинаҳои Pfizer/Biontech ва Moderna барои эмкунӣ истифода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ