Дар Ватикан ваксиназанӣ ба аҳолӣ оғоз шуд


Дар хурдтарин кишвари ҷаҳон – Ватикан низ ваксиназанӣ ба аҳолӣ оғоз шуд. Дар ин бора Маттео Бруни, раиси маркази матбуотии Ватикан эълон кард.
Бино ба хабари Vatican News, дар аввал кормандони тандурустӣ ва амниятӣ, пиронсолон ва кормандоне, ки бо аҳолӣ бештар мулоқот мекунанд, бар зидди коронавирус эм мешаванд.
Ваксиназанӣ дар Толори Павел VI баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, дар поёни моҳи декабр дар Иттиҳоди Аврупо ваксиназании аҳолӣ бар зидди коронавирус оғоз шуда буд. Дар ИА ваксинаҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna истифода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ