Путин ба оғоз кардани эмкунии оммавӣ дастурамал дод

Президенти Федератсияи Россия В.Путин дар ҷамъомад бо аъзоёни Ҳукумат аз ҳафтаи оянда сар карда, аз эмкунии васеъмиқёси шаҳрвандон зидди коронавирус ба эмкунии оммавӣ гузаштанро супориш дод. «Омода кардани инфтрасохтори дахлдорро мепурсам. Шукри Худо, ваксинаамон барои кашондан -50,-70 дараҷа хунукӣ ва дигар шароитҳои ғайриодиро талаб намекунад. Дар мо ҳамааш одӣ ва босамар кор мекунад» гуфтааст Путин. Ҷонишини Сарвазир Татяна Голикова аз душанбе муассиса нисбатан ба тарзи оммавӣ гузаштани эмкунӣ тайёр буданашро гуфта гузаштааст. Аммо ба ҳудудҳо боз консултатсия гузарондан лозим. «То охири январ 2,1 миллион доза ваксина меояд ва мо кампанияи эмкуниро васеъ кунонданамон лозим» изҳори ақида намудааст Голикова.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ