Фаъолияти клуби “Лидерҳои оянда” ба роҳ монда мешавад

Самараи ислоҳотҳои имрӯзаи мамлакатамон бевосита ба кадрҳои ҷавони масъулиятнок, фикри мустақил ва маънавияти баланддошта вобаста аст. Бояд таъкид намуд, ки 60 фоизи аҳолии Ӯзбекистонро ҷавонони то 30 сола ташкил менамоянд. Маълум аст, ки аз ҷониби давлатамон бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои зарураи ҷавонон аз рӯзи таваллуд то ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан ислоҳотҳои бисёр ба амал оварда шудааст. Ҳамин тавр, барои тайёр намудани кадрҳои замонавӣ ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаҳои стратегӣ ва масъалаҳои долзарб ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат 12 –уми январи соли ҷорӣ дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бо ташаббуси агентии ривоҷи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва филиали ҳудудии он, Садорати агентии корҳои Ҷавонони вилоят ва ҳамкории Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон зиёда аз 500 нафар ҷавонони боиқтидори синнашон аз 21 то 30 сола, талаба ва ҷавонони фаъол, кадрҳои ҷавон аз органҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, ҷонишини якӯми директори агентии ривоҷи хизмати давлатӣ ва дар якҷоягӣ бо муаллифи “Лидерҳо” О. Ҳасанов мулоқот ташкил карда шуд. Мақсади ташкили ин тадбир, таъмини сиёсати давлат оиди ҷавонон, ки дар Муроҷиатномаи Президент дар Олий Маҷлис ба халқи Ӯзбекистон вазифа гузошта шуда буд, расонидани мазмуну моҳияти онро ба кадрҳои ҷавон, самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои имрӯза, дастгирии ҷавонон дар роҳи хизмати давлат, инчунин, ҷалб намудани ҷавонон дар роҳи хизмати давлативу шаҳрвандӣ, бардоштани нуфузи хизмати давлати дар байни онҳо ва иштиёқманд кардани онҳо бо фаъолияти орган ва ташкилотҳои давлатӣ иборат аст.
Дар давоми тадбир, таъкид карда шуд, ки ҷавонони вилоят ҳамчун намуна дар миқёси Ҷумҳурият ба роҳ мондани фаъолияти клуби “Лидерҳои оянда” барои кадрҳои ҷавони фаъол ва дар вилоят “Захираи тиллоӣ” арзи вуҷуд дошта бошад. Аз рӯи фаъолияти клуб имзои ҳокими вилоят, тартиби низом, кор карда баромадани тартиби қабул ба аъзогӣ, ба зиммаи агентии филиал гузошта шуд. Инчунин, дар давоми вохӯрӣ дар бораи ислоҳотҳои соҳаи хизмат, ба кор даромадани сайти Vacancy argos uz, қабули кор бо роҳи интихоб ба органҳои давлативу ташкилотҳо, ҳиссаи зан-духтарон дар хизмати давлативу шаҳрвандӣ, вазифаҳои дар назди лидерҳои ҷавон гузошташуда, дар бораи 10 –то вазифаи асосии шаклдиҳии хизмати шаҳрванию давлатӣ баён карда шуд. Ғайр аз ин, дар давоми тадбир барои ҷавонон дар бораи ватанпарварӣ, фидоигӣ, чӣ тавр лидер шудан видеоролик намоиш дода шуд. Дар охир ҷавонон бо тарзи саволу ҷавоб ва муҳокимаҳо ба тадбир хотима бахшиданд.
Н. Бобоахмедов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ