БА ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ КАЛИДИ ХОНАҲОИ НАВ СУПОРИДА ШУД

Дар арафаи Рӯзи ҳимоятгарони Ватан –
14 январ ба хидматчиёни ҳарбӣ инъом намудани манзилҳои нави истиқоматӣ дар мамлакати мо ранги одатро гирифтааст.
Бинобар қарори сарвари давлат аз 21 октябри соли 2016 «Дар бораи барномаи барпо намудани манзилҳои арзон дар асоси лоиҳаҳои намунавии таҷдидёфта дар деҳот дар солҳои 2017-2021» дар вилояти Бухоро сохтани иморатҳои бисёрошёна бо мақсади бо манзил таъмин кардани хидматчиёни ҳарбии Вазорати дифою Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хидмати бехатарии давлатӣ ба андозаи 91 миллиард сӯм ҷамъ 666-то истиқоматгоҳ ба нақша гирифта шуда буд. Дар давоми се соли гузашта 606-тои онҳо ба истифода супорида шуд.
Имсол дар арафаи Иди касбии муҳофизони Ватан дар кӯчаи «Намозгоҳ»-и шаҳри Бухоро иморатҳои 2, 5 ошёнаи дорои 60 ҳавлӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, хидматчиёни ҳарбӣ инъом гардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони фармондеҳии қӯшунҳои Округи ҳарбии Ҷанубию Ғарбӣ, роҳбарони секторҳо, вакилони ҳокимият, аҳли ҷамоат, аъзоёни оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ иштирок намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Ботир Зарипов ва дигарон ҷамъомадагонро бо тӯҳфаи муносиби Рӯзи ҳимоятгарони Ватан табрику муборакбод намуда ғамхориҳои беназири Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев ва таҳти роҳбарии вай ислоҳоти ба амал омадаистодаро алоҳида таъкид карданд. Баъд калиди манзилҳои нав ба соҳибонаш супорида шуд. Навор бурида шуда ҷамъомадагон бо шароитҳои фароҳамовардашудаи манзилҳо шинос шуданд. Соҳибманзилшудагон нисбати ин қадршиносиҳои падарона арзи сипос намуданд.

А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Лавҳаҳо аз тадбир.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ