General Motors автомобили ояндаро намоиш кард

Ширкати General Motors Co автомобили парвозкунандаи Gadillac-ро намоиш кард. Мошин худ худашро идора карда, мусофиронро дар осмони кӯчаҳои шаҳр сайру гашт мекунонад. Сариҷрогар-директори Ширкати GM автомобилро «дар оянда аз нав дида баромадани консепсияи нақлиёти шахсӣ» таъриф додааст. Gadillac -и дорои як ҷойи нишаст буда, аз ҷиҳати техникӣ барои парвоз ва фуруди вертикалӣ мӯлҷар шудааст. Он бо суръати 88,5 километр дар як соат ҳаракат карданаш мумкин. Gadillac дорои муҳаррики қувваи 90 кВт буда, бо батареяи аккумулятории GMULtium ҷиҳозонида шудааст. Дар солуни мошин ҷойи нишасти монанди мулоимкурсии истироҳатбар мавҷуд аст. Инчунин, он соҳиби хислатҳои датчикҳои биометрикӣ, идоракунандаи овоз ва аниқкунии ишораҳои дастро дорад. Бояд гуфт, ки аксияҳои GM ба 5,8 фоиз сабзида, 47,62 долларро ташкил кардааст. Манбаъ: Qalampir. uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ