23 нафар шаҳрванди Норвегия баъди эмкунӣ бар зидди коронавирус фавтид


Дар Норвегия 23 нафар баъди эмкунӣ бар зидди коронавирус бо ваксинаи Pfizer/BioNTech фавтиданд. Ҳамаи онҳо пиронсоли синнаш боло аз 80 буд. Дар ин бора Euronews хабар дод.
То ба имрӯз дар Норвегия беш аз 25 ҳазор нафар бар зидди коронавирус эм шуданд. Ваксиназанӣ пеш аз ҳама дар хонаи пиронсолони шаҳри Осло баргузор шуд.
Бино ба хулосаи Агентии доруҳои Норвегия, бемориҳои вазнин ва таъсирҳои манфии ваксина якҷоя боиси марги пиронсолон шудааст.
Стейнар Мадсен, намояндагии агентӣ бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳодиса гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо эмкунии пиронсолони хаста ва бемор хатар дорад. Ба ин далел, ӯ ба шифокорон муроҷиат кард, ки ҳангоми эмкунӣ ба вазъи саломатии одамон эътибор диҳанд ва тасмим гиранд, ки киро бояд эм кард ва киро не.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ