Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ниҳоят ба Чин ворид шуданд


Гурӯҳи байналмилалии коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи панҷшанбе вориди шаҳри Ухани Чин шуданд. Онҳо дар ин шаҳр сабаби пайдоиши коронавирусро тафтишу таҳқиқ мекунанд.
Бино ба хабари Евронюз, мутахассисон пеш аз оғоз кор 2 ҳафтаро дар карантин сипарӣ хоҳанд кард. Ҳукумати Чин муддати дарозе ба ташрифи мутахассисони СҶТ иҷозат надод ва вазъияти эпидемиологиро ҳамчун сабаби он нишон дод.
Шаҳри Ухан маркази вилояти Хубэй аст. Пандемияи коронавирус дар поёни соли охир маҳз дар ҳамин шаҳр оғоз шуда буд.
Пеш аз омадани мутахассисони СҶТ ба Чин дар шимоли ин кишвар карантини нав ҷорӣ шуд. Дар шимоли Чин ҳоло 20 миллион аҳолӣ дар инзиво (изолятсия) зиндагӣ мекунанд. Баъди чандин моҳи ороми эпидемиологӣ дар Чин ҳафтаи гузашта шумори сирояти коронавирус дубора афзоиш ёфт. Аксарияти мубталошудагон сокинони Хубэй ҳастанд. Дар ин вилоят ҳоло вазъияти фавқулодда эълон шуд. Вазорати тандурустии Чин дар бораи марги яке аз гирифторони коронавирус хабар дод. То ба имрӯз шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 87,5 ҳазор нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ