Дар Самарқанд Хона-музейи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дташкил мегардад


Лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи таъсиси Хона-музейи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» эълон гардид.
Дар асоси лоиҳа пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, ҳокимияти вилояти Самарқанд дар бораи ба сифати филиали музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ташкил кардани Хона-музейи олими бузург ва арбоби ҷамъиятӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар хонаи 47-уми кӯчаи Мирсаид Баракаи шаҳри Самарқанд тасдиқ хоҳад шуд.
Ҳокимияти вилояти Самарқанд бояд бинои музейро таъмир ва ҳудудро обод кунад.
Инчунин, Вазорати фарҳанг якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмини музей бо кадрҳои ботаҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии ахборӣ-коммуникатсионӣ чорабиниҳои заруриро меандешанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ